Иртиботот ва ВАО, бакалаври илми гуманитарӣ

Шумо истеъдоди хуби навиштан ва пайдо кардани робита бо одамонро доред? Мехоҳед шаҳри худро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ бипайвандед? Мехоҳед дар муаррифӣ кардани Осиёи Марказӣ саҳмгузор бошед? Мехоҳед аз тариқи такомули технологияи расонаӣ ва гуфтумон омили тағйир дар минтақа бошед? Шумо халлоқ астед ва ба омӯхтани забонҳо шавқ доред? Агар чунин аст, пас ихтисоси Иртиботот ва ВАО барои шумост.

Ихтисоси Иртиботот ва ВАО-и ДОМ аз равиши ҷамъӣ дар рӯзноманигорӣ, расонаҳои хабарӣ, иртибототи роҳбурдӣ, тарроҳии чандрасонаӣ, тавлиди расона, қонуни расона, мудирият, ахлоқ ва масъулияти иҷтимоӣ истифода мекунад. Дарсҳои мутамаркизи забон ба хатмкунандагон итминон медиҳад, ки бо чанд забон ба таври озод суҳбат кунанд. Дастрасӣ ба озмоишгоҳҳо имконият медиҳад маҳоратҳои чандрасонаии худро рушд бидиҳанд, ки барои расонаҳои гуногун ва кор дар арсаи иртиботот мувофиқаст.

Барномаи таълим дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи технологии Сиднейи Австралия таҳия шудааст.

Шиносоӣ бо таҷрибаҳои беҳтарини маҳаллӣ, минтақаӣ ва байналмилалӣ аз тариқи устодони маҳаллӣ ва хориҷӣ бо собиқаи тадқиқотӣ ва илмӣ имконпазир аст. Ҳамкориҳо бо расонаҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ ва созмонҳои сатҳи ҳукумат, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ҷомеа имкониятҳои таҷрибаомӯзиро фароҳам мекунанд, ки барои фарогирии таҷриба дар барномаи Иртиботот ва ВАО-и ДОМ зарурӣ аст.

Устодони Иртиботот ва ВАО

Евангелия Папоутсакӣ
Суҳайл Ашрафӣ
Лилит Дабагян
Люсӣ Палмер
Паймон П ажмон

Дарсҳои асосӣ

  • Саводи расонаӣ
  • Ин дарс донишҷӯёнро бо маҳоратҳо ва дониши лозим барои сторителлинг ошно месозад ва онҳоро барои навиштани ривоятҳои таъсиргузор бо дар назар гирифтани аҳамияти фарҳангӣ қодир месозад. Донишҷӯён барои дарк кардани таҳаввулот дар навиштан барои расонаҳои англисӣ марҳилаҳои таърихӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангиро баррасӣ мекунанд. Онҳо сипас дар чандин фаъолиятҳо ва лоиҳаҳои амалии навиштан иштирок мекунанд, ки ба тақвият ёфтани маҳорат ва донишҳои онҳо мусоидат мекунад. Донишҷӯён инчунин тарзи возеҳ навиштан, таваҷҷуҳ ба ҷанбаҳои интиқодӣ, огоҳӣ дар мавриди мухотаб ва инчунин аҳамияти сохтор ва қолаби муносибро ёд мегиранд. Ин мафҳумҳо ва маҳоратҳо бо барномаҳои марбута дар соҳаи рӯзноманигорӣ мутобиқ хоҳанд шуд. Дарси мазкур донишҷӯёнро дар заминаи навиштан барои расонаҳои маҳаллӣ ва миллӣ, маҷаллаҳо ва нашриётҳо ва инчунин барои расонаҳои рақамии гуногун қодир месозад. Барои онҳо имконият медиҳад, то маҳоратҳои ёдгирифтаи худро дар ҷаҳони воқеъӣ ба кор баранд. Донишу маҳоратҳое, ки дар ин дарс андӯхта мешаванд барои ҳамаи дарсҳои амалӣ, аз ҷумла дар дарсҳои Маҳорати рӯзноманигорӣ (навишторӣ) ва Озмоишгоҳи махсуси расона (навишторӣ) истифода мешаванд.

  • Ин дарс унсурҳои аслии маҳорати рӯзноманигориро баррасӣ мекунад. Дар ин дарс ба кор ва ҷараёнҳои расонаҳои тасвирӣ ва инчунин ба маҳоратҳои амалии равишҳои расонасозӣ дар шаклҳои суннатӣ ва нав тамаркуз мешавад. Донишҷӯён ба тавлиди матлабҳои савтӣ ва тасвирӣ ҷалб шуда, маҳоратҳои таҳрирӣ, техникӣ ва гӯяндагиро дар амал иҷро мекунанд. Онҳо ҳамчунин ба асосҳои расонаҳои тасвирӣ, филмсозии бадеӣ ва ғайрибадеӣ ва расонаҳои рақамӣ ошно мешаванд.

  • Маҳорати рӯзноманигорӣ - Радио
  • Ин дарс барои донишҷӯён ду маҷмӯае аз маҳоратҳоро меомӯзонад. Яке аз ҷанбаҳои ин дарс омӯзонидани таърихи рӯзноманигории ҷаҳонӣ ва Осиёи Марказӣ, рушди он дар тӯли асрҳо ва арзишҳои хабарие, ки рӯзноманигорон бо таваҷҷуҳ ба тафовутҳои миллӣ ва фарҳангӣ дар саросари ҷаҳон медонанд, меомӯзад. Аз сӯи дигар, дар ин дарс донишҷӯён имконияти амалӣ намудани маҳоратҳои худро пайдо мекунанд. Онҳо метавонанд мақолаҳои худро дар расонаҳои чопӣ ва рақамӣ нашр кунанд. Ин ба донишҷӯён кумак мекунад, то бидонанд, ки рӯзноманигорӣ чӣ тавр ба ҳамбастагии иҷтимоӣ мусоидат мекунад ва дар ҷомеа пеш биравад. Донишҷӯён дар доираи ин дарс бо рӯзнома, торнамо ва тарҳҳои дигари Донишгоҳ, ки аз ҷониби донишҷӯён мудирияти мешаванд, кор мекунанд.

  • Расонаҳои иҷтимоӣ ва рақамӣ
  • Дар ин дарс донишҷӯён ба назария ва амалияи иртибототи тасвирӣ ошно мешаванд. Донишҷӯён аз тариқи баҳсу баррасии назарияҳои идрокӣ ва интиқодӣ матнҳои тасвирии гуногунро мехонанд ва таҳлилу тафсир мекунанд. Ин матнҳо шомили воситаҳои дастии пеш аз даврони нав буда, телевизион ва дигар расонаҳои рақамиро низ дар бар мегирад. Инчунин роҳҳои эҷод шудани тасвирҳое, ки мавқеиятҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, сиёсӣ ва тиҷоратиро интиқол медиҳанд, мавриди таҳлил қарор мегиранд. Ҳадафи ин дарс ба даст овардани дониш дар мавриди тасвир мебошад, ки баъдан метавон онро дар корҳои расонаӣ истифода кард. Иртибототи тасвирӣ ба унвони як забони ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад, аммо нуктаҳои нозуки маҳаллӣ низ мадди назар гирифта мешаванд, то донишҷӯён дастурҳои мутаносибро дар кори худ истифода кунанд.

  • Дар ин дарс таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ бар шаклгирии расонаҳои ҷаҳонӣ ва системаҳои иртиботот ба баррасӣ гирифта мешаванд. Ин кор аз тариқи таҳқиқи назарияҳои аслии ҷаҳонишавӣ ва корбурду робитаи онҳо бо расона ва системаҳои иртиботот амалӣ мешавад. Инчунин дар рафти ин дарс робитаи назарияҳои ҷаҳонишавӣ бо расонаҳо ва иртиботот аз зовияи сиёсат, иқтисод, фарҳанг ва таърих омӯхта мешавад. Ғайри аз ин, дарси мазкур ба роҳҳои таъсир гузоштани равандҳои ҷаҳонишавӣ ба расонаҳо ва фазои иртиботот дар Осиё, Аврупои шарқӣ, Ҳиндустон ва Чин тамаркуз мекунад. Империализми расонаӣ, зуҳури шабакаҳои фаромиллӣ, рӯйдодҳои расонаии ҷаҳонӣ, намояндагии расонаҳо, сиёсатгузорӣ ва танзими расонаҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ аз мавзӯҳои ин дарс мебошанд.

  • Иртиботот дар Осиё Марказӣ
  • Ҳуқуқ ва ахлоқи расонаӣ
  • Дар ин дарс мафҳуми мухотаб ва роҳҳое, ки истифода ва маҳорати рӯзноманигориро шакл медиҳанд, мавриди омӯзиш қарор мегиранд. Донишҷӯён ба назарияҳо, мафҳумҳо ва тарзи тафаккур дар робита бо намунаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангӣ шинос мешаванд ва усули асосии дарк ва тафсири мухотабонро таҳлил кунанд. Бо баррасии гуфтумонҳои иҷтимоии навзуҳур ва созмонҳои расонаӣ, ки аз тариқи онҳо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар қолаби мушорикат ва ваколат бунёд шудаанд, ба нақши иртибототи шаҳрвандӣ тамаркуз мешавад.

  • Тадқиқоти иртиботот ва расона

Дарсҳои махсус

  • Озмоишгоҳи махсуси расона (матбуот/рақамӣ, радио, телевизион)
  • PR ва Иртибототи роҳбурдӣ
  • Иртибототи тавсе ва тағйири иҷтимоӣ
  • Аксбардорӣ
  • Иртибототи муҳитзистӣ
  • Иртиботот дар арсаи илм
  • Иртибототи байнифарҳангӣ
  • “Сторителлинг”- и чандрасонаӣ
  • Аниматсия

* Дарсҳо метавонанд тағйир ёбанд.

Тибқи талаботи кишвар ба донишҷӯён курсҳои интихобӣ пешниҳод карда мешавад, ки онҳо метавонанд курсҳои ройгонро аз дигар ихтихсосҳо интихоб кунанд.


Шумо маҳоратҳои касбии зеринро ба даст меоваред:

  • Кор дар студияи расонаии муосири ДОМ ба маҳоратҳои тавлиди расонаҳои рақамӣ ва рушди маҷмӯе аз донишҳои шумо мусоидат мекунад, ки ҳангоми ҷустуҷӯи кор ба шумо кумак мекунанд.
  • Нишон додани маҳоратҳои мудирияти шабакаҳои иҷтимоӣ.
  • Боло бурдани таҷрибаи аксбардорӣ, видео ва аудио.
  • Истифода бурдани дониш ва таҷрибаи интернет ва тавлиди расонаӣ.

Имкониятҳои корӣ

Ихтисоси иловагӣ ихтисоси асосии шуморо такмил карда, маҷмӯи маҳоратҳо ва дониши шуморо ғанӣ мегардонад ва шуморо барои корфармои оянда ба як довталаби ҳамаҷониба табдил медиҳад. Агар ихтисоси асосии шумо Иртиботот ва ВАО бошад ва ихтисоси иловагӣ Илм дар бораи замин ва муҳити зист бошад, шумо бо маҳоратҳои иртибототи техникӣ ва расонаӣ, фарҳанг, таърих ва чаҳорчӯби сиёсатҳои муҳим муҷаҳҳаз хоҳед шуд. Чунин мутахассис ба ҳама лозим аст.

  • Рӯзноманигорӣ
  • Тавлиди расонаӣ (телевизион, радио, матбуот)
  • Равобити омма ва мудирияти чорабиниҳо
  • Таблиғ (реклама)
  • Расонаҳои рақамӣ ва иҷтимоӣ
  • Тадқиқот ва илм
  • Иртибототи муассисаӣ
  • Расона ва филмсозӣ