Илми компютер, бакалаври илми дақиқ

Оё технология мавриди алоқаи шумост ва мехоҳед дар саноати дар ҳоли рушди минтақаӣ саҳм гузоред? Оё мехоҳед маҳоратҳо ва зарфиятҳои худро дар муқобили мушкилиҳои технология имрӯза рушд бидиҳед? Оё мехоҳед барои ворид шудан ба ҷаҳони технология, шурӯъ кардани тиҷорат ва ё идомаи таҳсил дар сатҳи болотар аз барномаҳои компютерӣ ва риёзӣ истифода кунед? Оё мехоҳед дар мавриди риштаи навзуҳури илми компютер дар Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби устодҳои таҷрибадор тадрис мешавад биомӯзед? Агар ҷавоби шумо мусбӣ аст, пас ихтисоси Илми компютери ДОМ барои шумост.

Барномаи Илми компютери ДОМ натанҳо шуморо ба як барномасози моҳир табдил медиҳад, балки барои шумо имконият медиҳад, ки мутахассиси бомаҳорат ва донишманди технологияи иттилоотӣ (ТИ) шавед ва барои рушду эҷоди имкониятҳои соҳибкорӣ дар Осиёи Марказӣ омода бошед.

Барномаи Илми компютери ДОМ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Торонтои Канада таҳия шудааст.

Ихтисоси Илми компютер дар ДОМ дониши назариявӣ ва бунёдии риёзиро бо маҳоратҳои амалии барномасозӣ омезиш медиҳад. Бо мақсади эҷоди омодагии комил барои ворид шудани донишҷӯён ба дунёи технология, шурӯъ кардани тиҷорати худ ё идомаи таҳсил дар сатҳи болотар илова бар мавзӯҳои пешрафтаи барномаҳои компютерӣ (нармафзорҳо) мафҳумҳои сахтафзор (қисмҳои физикии компютер) ва муҳандисии компютер низ пешниҳод мешаванд. Илова бар кори курсии Илми компютер, бо мақсади фароҳам кардани тавоноии ҳалли мушкилиҳои ғайриинтизор ва нашр кардани натиҷаҳои худ дар маҷалаҳои илмӣ лоиҳаҳои амалӣ низ дар курсҳои гуногун пешниҳод мешаванд. Таҷрибаомӯзии ҳарсола яке аз вижагиҳои барҷастаи барномаи таълимии Илми компютер мебошад.

Устодони ихтисоси Илми компютер

Устодони ботаҷрибаи байналмилалии ДОМ дорои таҷрибаи амиқ ва васеъи ҳам тиҷоратӣ ва ҳам дар арсаи технология мебошанд. Таҷрибаи онҳо донишҷӯёнро дар пешбурди равишҳои навоваронаи табдили андеша ба амал омода месозад ва онҳоро дар расидан ба муваффақиятҳои берун аз маҳдудаҳои дарккардаашон роҳнамоӣ мекунад.

Масъуд Мир
Аймон Алҷарбо
Муҳаммад Фаяз
Нил Галлагер
Муҳаммад Шуайб Қурайшӣ

Дарсҳои асосӣ

  • Ҳуши сунъӣ
  • Ин дарсҳо муқаддимаи моделсозии риёзӣ барои ҳалли масъалаҳои муҳосибот мебошад ва алгоритмҳои содда, намунаҳои алгоритмӣ ва сохтори иттилоотро дар бар мегирад. Дарсҳои мазкур ба муносибати алгаритм ва барномасозӣ таваҷҷуҳ карда, нишондиҳандаҳои асосӣ ва равишҳои таҳлилро барои ин масъалаҳои муаррифӣ мекунад. Дар миёни алгоритмҳои мавриди омӯзиш алгоритмҳое ба монанди ҷойгузорӣ, мураттабсозии зуд, назарияи равишҳои адад ба мисли алгоритмҳои “spigot”, алгоритмҳои тақсим ва ҳали “Fast Fourier Transform” мебошанд.

  • Тарроҳии мантиқи рақамӣ
  • Шабакаҳои компютерӣ
  • Технологияҳои шабакаӣ
  • Системаи омалиётӣ
  • Ҳадафи ин курс дарс додани забони барномасозии “Python” барои донишҷӯёне мебошад, ки барномасозиро қаблан наомӯхтаанд. Ин дарс ҳамчун дарси муқадамотии барномасозӣ барои онҳое, ки қаблан таҷрибаи барномасозӣ доранд ва ба дунболи омӯхтани “Python” ҳастанд, таҳия шудааст. Барномасозӣ маҳорате мебошад, ки аз тариқи корҳои амалӣ омӯхта мешавад. Курси мазкур тақрибан ҳамаи имкониятҳои забони барномасозии “Python”-ро дар бар мегирад ва дар бораи намунаҳои бисёре, ки барои ҳалли мушкилиҳои гуногун истифода мешаванд, баҳс мекунад. Бо ироа кардани ҳар як аз махсуситяҳо намунаи комили барнома хусусияти онро нишон медиҳад. Ин нишондиҳандаи фалсафаи асосие аст, ки дар таҳияи барномаи дарсӣ истифода шудааст: ба кор бурдани назария ва амалия ҳангоми дарс. Аз ин тариқ донишҷӯён натанҳо забони барномасозии “Python” ва таркиби онро ёд мегиранд, балки бо ҷараёни навиштан, гирдоварӣ ва идоракунии онро низ меомӯзанд. Ин дарс барои ҳар касе, ки бор аввал ба омӯзиши “Python” рӯ овардааст, муносиб аст. Ин барнома рӯи ягон барномаи компютерӣ ва ё системаи амалиётии мушаххас, ки “Python” дар он анҷом шудааст, таъкид намекунад.

  • Муқаддимаи Илми компютер
  • Меъмории компютер
  • Системаҳои пойгоҳи иттилоотӣ
  • Равишҳои барномасозӣ
  • Муҳандисии нармафзор
  • Тарроҳии талфифгар
  • Назарияи мошинҳо
  • Тарроҳии барномаи “Android”

Дарсҳои махсус

  • Графикаҳои компютерӣ
  • Донишҷӯён дар ин дарсҳо рӯи як лоиҳае кор мекунанд, ки дар натиҷаи ба ҳам овардани нармафзор (барномаи компютерӣ) ва сахтафзор (қисмҳои физикии компютер) дастгоҳе месозанд, ки дорои қобилияти эҳсос, муҳосиба ва идоракунӣ буда, барои ҳалли корҳои мушкил кумак мекунад. Ин барномаи дарсӣ бо баррасии муқадамотӣ дар бораи истифодабарии контролҳои “Arduino and/or Raspberry Pi” ҳамроҳ бо навъҳои гуногуни сенсор (дастгоҳи ҳассос) шурӯъ мешавад. Инчунин донишҷӯён дар гуруҳҳо ба сохтани системаҳое машғул мешаванд, ки масъалаи аз ҷониби гуруҳи дигар интихобшударо ҳал кунад.

  • Ҳадафи ин дарс омӯзиш додани барномасозии компютерӣ ба онҳое мебошад, ки аз забони барномасозии C истифода мекунанд. Ба ин тартиб, надоштани дониши барномасозии қаблӣ дар назар дошта шудааст. Ҳадафи аслии ин дарс тадриси асосҳои ибтидоии барномасозии барномаи С мебошад, ки яке аз пуркорбурдтарин забонҳои барномасозӣ аст. C забони барномасозии “муосир” ба шумор меравад, гарчанд таърихи он аз солҳои 1970 шурӯъ мешавад. Аслан, C барои навиштани барномаҳои “системаҳо”, системаҳои амалиётӣ, муҳаррирҳо, гирдоварандаҳо, ҳамгузорҳо ва барномаҳои ва нармафзору сахтафзорҳо тарроҳӣ шудааст. Барномаи C имрӯз барои сохтани ҷадвалҳо, идоракунии пойгоҳи иттилоъ, ҳисобдорӣ, бозиҳо ва нармафзорҳои омӯзишӣ истифода мешавад. Донишҷӯён дар ин дарс тарзи барномасозӣ бо забони барномасозии C-ро меомӯзанд.

  • Системаҳои тавзеъшуда
  • Коркарди тасвири рақамӣ
  • Барномасозии ашёӣ

* Дарсҳо метавонанд тағйир ёбанд.

Тибқи талаботи кишвар ба донишҷӯён курсҳои интихобӣ пешниҳод карда мешавад, ки онҳо метавонанд курсҳои ройгонро аз дигар ихтихсосҳо интихоб кунанд.


Шумо маҳоратҳои касбии зеринро ба даст меоваред:

  • Боз кардан, ҷамъ ва таҳлил кардани кори бахшҳои системаи компютерӣ; дониш дар бораи қисмҳои компютер ва тарзи бо ҳам омадани онҳо.
  • Барномасозии муассир, сохторҳои иттилоот ва маҳоратҳои алгоритм дар бештар аз як забони барномасозӣ, аз ҷумла шеваҳои гуногун, таҳлил ва тарзи истифода бурдани онҳо дар сохтан ва тарроҳии забонҳои барномасозӣ.
  • Истифодаи дониш ва таҷрибаи эҷоди веб-сайт дар якҷоягӣ бо истифода аз пойгоҳи иттилоот.
  • Фаро гирифтани равишҳои омӯзиши мошинӣ ва ҳуши сунъӣ.
  • Нишон додани маҳоратҳо дар алгебраи хаттӣ, дифференсиалӣ ва интегралӣ, равишҳои ададӣ, алгоритми ададӣ, омор ва истифодаи онҳо дар ҳалли мушкилиҳои муҳандисӣ аз тариқи истифодаи равишҳои асосии алгоритм.
  • Истифодаи принсипҳо ва таҷрибаҳои бехатарӣ дар муҳити зист, сахтафзор, нармафзор ва ҷанбаҳои инсонии система ва арёзбии мавҷудияти хатар ва таҳдидҳо дар системаи компютерӣ.

Имкониятҳои корӣ

Ихтисоси иловагӣ ихтисоси асосии шуморо такмил карда, маҷмӯи маҳоратҳо ва дониши шуморо ғанӣ мегардонад ва шуморо барои корфармои оянда ба як довталаби ҳамаҷониба табдил медиҳад. Масалан, агар ихтисоси асосии шумо Илми компютер ва ихтисоси иловагии шумо Илми тавсеа аст, шумо метавонед бо маҳоратҳои технологияи иттилоотӣ (ТИ) ва донишҳои рушду пешрафти Осиё Марказӣ дар арсаи тавсеаи байналмилалӣ кор кунед.

  • Эҷоди барномаҳои компютерӣ
  • Муҳандисии компютер
  • Идоракунии система ва пойгоҳи иттилоот
  • Иттилоот ва амнитяи рақамӣ
  • Эҷоди вебсайт
  • Барномасозии компютерӣ
  • Мудирияти шабакаҳои иҷтимоӣ
  • Барномасозии чандрасонаӣ
  • Тадқиқот ва тавсеа