Қабули донишҷӯён

Пур кардани варақаи дархостро имрӯз шурӯъ кунед

ПЕШНИҲОДИ ОНЛАЙНИ ВАРАҚАИ ДАРХОСТ
OR
БОРГИРӢ КАРДАНИ ВАРАҚАИ ДАРХОСТ Боргирӣ кардани варақаи дархост дар бораи қабул ба барномаҳои бакалавриати Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар солҳои 2020-2021. Варақаи дархост барои дохил шудан ба кампусҳои ДОМ дар Норин (Ҷумҳурии Қирғизистон) ва Хоруғ (Тоҷикистон) қабул карда мешаванд.
[ Дар формати Word ]
[ Дар формати PDF ]

Муаррифиномаи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ

Бо забони англисӣ
Бо забони русӣ

Мактаби илмҳои гуманитарӣ ва дақиқ

Мактаби илмҳои гуманитарӣ ва дақиқи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ барномаи панҷсолаи бакалавриатро ироа мекунад, ки донишҷӯён барои комил кардани равишҳои гуногун барои ҳалли мушкилиҳо ва овардани навовариҳо дар зиндагии хусусӣ ва касбии худ ба он ниёз доранд. ДОМ ба донишҷӯён муҳити забони англисиро фароҳам меорад ва таҳсил пурра ба забони англисӣ аст.

Донишҷӯёни Донишгоҳ дорои дастовардҳои бузурги илмӣ мебошанд. Дар миёни онҳо ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ, роҳбарони шӯроҳои донишҷӯён, ҳомиёни қишри осебпазири ҷомеа, рассомон ва навозандагони боистеъдод, дорандаҳои ҷоизаи чорабиниҳои варзишӣ, ризокорони хастагинопазир ҳастанд, ки ҳамеша омодаи кумак ба ҷомеа мебошанд.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар интизор донишҷӯёни беҳтарин аст. Онҳое, ки ҳам дар доираи барномаи таълим ва ҳам берун аз он ташнаи омӯзиш мебошанд. Сафари худро аз Донишгоҳи Осиёи Марказӣ шурӯъ кунед! Имрӯз дархостатонро супоред!

Чаро бояд ДОМ-ро интихоб кунед?

  • Барномаи таълимӣ дар ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои мӯътабари ҷаҳон ва бо назардошти хусусиятҳои Осиёи Марказӣ таҳия шудааст.
  • Мусоидат ба тарвиҷи стандартҳои байналмилалӣ ва истеъдодҳои Осиёи Марказӣ.
  • Шаҳракҳои донишҷӯён ва инфрасохтори босифат ва муосир.
  • Омузиши босифати забони англисӣ дар дохил ва берун аз синф.
  • Омӯзиши корбурдӣ аз тариқи омезиши илмҳои инсонӣ, дақиқ ва технология.
  • Омӯзиши амалӣ тавассути таҷрибаомӯзии музднок, лоиҳаҳо барои ҷомеа ва сармоягузориҳо баро соҳибкорӣ.
  • Омӯзгорони соҳибихтисос бо унвони PhD барои донишҷӯён таҳсили босифат ва роҳнамоиро таъмин менамоянд ва инчунин ба таҳқиқоти илмӣ машғул мешаванд.
  • Шуморо барои дохилшавӣ ба беҳтарин барномаҳои магистратура дар донишкадаҳои гуногуни ҷаҳон омода мекунад.
  • Дастгирии молиявии ҳамаи донишҷӯён аз тариқи бурсия, грант ва қарзи бефоиз.

Имкониятҳои сатҳи ҷаҳонӣ барои боло бурдани омӯзиш

Аввалин кампуси ДОМ дар ш. Норин (Қирғизистон) моҳи сентябри соли 2016 кушода шуд ва соли 2017 кампуси дуввум дар ш. Хоруғ (Тоҷикистон) ифтитоҳ ёфт ва қарор аст кампуси сеюм дар ш. Текелӣ (Қазоқистон) соли 2022 ба кор шурӯъ кунад. Кампуси ДОМ дар Норин дар соҳили зебоманзари дарёи Норин ва дар масофаи наздик ба шаҳр воқеъ аст. Нақшаи аслӣ ва тарҳи кампусҳо аз ҷониби ширкати меъмории маъруфи Ҷопон Arata Isozaki & Associates таҳия шудааст. Зиндагӣ дар кампус ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки донишҳои гирифтаашонро дар амал татбиқ кунанд, дар лоиҳаҳои ҷамъиятӣ, чорабиниҳои варзишиву фароғатӣ ва намудҳои гуногуни мубодилаи фарҳангӣ ширкат варзанд, маҳоратҳои роҳбарӣ ва масъулияти шаҳрвандиро фаро бигиранд.

Имкониятҳои дигар барои донишҷӯён:

  • Синфхонаҳо, озмоишгоҳҳо ва китобхонаҳои муосир.
  • Хобгоҳҳои бехатар бо ҷой барои омӯзиш ва тафреҳ.
  • Утоқҳое, ки фазои хусусиро ҳам таъмин мекунанд.
  • Ҷойҳо барои омӯзиши берун аз синф.
  • Роҳравҳои пӯшида, чароғҳои худкор ва имкониятҳои бехатар.

Чӣ тавр бояд дархост фирист?

  1. Варақаи дархости пуркардашудаи ДОМ ва ҳуҷҷатҳои ҳамроҳро бояд тариқи онлайн, тавассути почтаи электронӣ ё ба таври ҳузурӣ на дертар аз соати 23:59 (GMT+6) 15 марти соли 2020 ба ДОМ бирасонед.
  2. Довталабоне, ки варақаи дархости пуркардашударо месупоранд 15-уми апрели соли 2020 ба имтиҳонҳои Забони англисӣ, риёзӣ ва мантиқ даъват мешаванд. Ба ҳайси имтиҳони иловагӣ довталабон метавонанд имтиҳон ва иншои SAT-ро то 5-уми апрели соли 2020 бисупоранд. Барои фиристодани натиҷаҳои санҷиши SAT, лутфан рамзи Донишгоҳи Осиеи Марказӣ 7834-ро истифода баред.
  3. Довталабоне, ки аз марҳилаи аввал гузаштаанд моҳи апрели соли 2020 бояд ду тавсияномаи омӯзгорон ва варақаи кумаки молиро бисупоранд.

> Маълумоти бештар

Кӣ метавонад дар ДОМ таҳсил кунад?

Дар ДОМ донишҷӯён аз гӯшаву канори гуногуни Осиёи Марказӣ ва кишварҳои дигар таҳсил мекунанд, ки табақаҳои мухталифи ҷомеаро намояндагӣ менамоянд. ДОМ ичунин ба донишҷӯёни дорои имкониятҳои ҷисмонии маҳдуд имконияти таҳсилро фароҳам меорад. Кампусҳои ДОМ бо тамоми инфрасохтори зарурӣ муҷаҳҳаз шуда, ба тамоми стандартҳои байналмилалии сохтмон, ки аз ҷониби Шӯрои байналмилалӣ оид ба меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмон таҳия шудаанд, ҷавобгӯ мебошанд. Дар кампусҳои ДОМ лифтҳо, хобгоҳҳои махсус барои донишҷӯён ва манзили истиқомат барои омӯзгорон фароҳам аст. ДОМ барои пазируфтани ҳамаи довталабон омода аст.

Донишҷӯи ДОМ:

  • Барои ноил шудан ба муваффақият дар таҳсил талош мекунад.
  • Моил ба омӯхтани арсаҳои нави дониш ва татбиқ намудани дониш берун аз синф аст.
  • Барои расидагӣ ба мушкилоти дунёи воқеӣ аз тариқи роҳҳалҳои ихтироъкорона ва маҳоратҳои соҳибкорӣ омода аст.
  • Шунавандаи хуб, дорои қобилияти кор дар гуруҳ ва маҳоратҳои роҳбарӣ мебошад.
  • Натанҳо ба муваффақияти шахсӣ, балки аз муваффақияти ҷомеа, кишвар ва минтақа низ таваҷҷуҳ мекунад.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар ҳоли ҳозир ҳар сол дар ҳар кампус то 40 донишҷӯро қабул мекунад, ки дар маҷмӯъ теъдодашон ба 80 нафар мерасад. Донишгоҳ кушиш мекунад дар ҳамаи ихтисосҳо мувозинати донишҷӯёнро аз ҷиҳати ҷинс, намояндагии минтақавӣ ва инчунин намояндагони минтақаҳои шаҳрӣ ва рустоиро нигоҳ дорад. Дар ҷараёни пазируфтани донишҷӯён ҳадди ақал 85%-и довталабон аз кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ва 15%-и довталабони байналмилалӣ қабул карда мешаванд.

Дар куҷо метавонам таҳсил кунам?

Феълан метавонед барои таҳсил дар барномаи бакалавриати ДОМ дар кампусҳои Норини Қирғизистон ва Хоруғи Тоҷикистон дархост диҳед. ДОМ ихтисосҳои Иртиботот ва ВАО ва Илми компютерӣ (кампуси Норин); Илм дар бораи замин ва муҳити зист ва Иқтисодиёт (кампуси Хоруғ)-ро ироа мекунад. Бар асоси ихтисосҳои интихобшуда донишҷӯён метавонанд дар кампуси Норин, Қирғизистон ва Хоруғ, Тоҷикистон таҳсил кунанд.

Бо мо дар тамос шавед

Почтаи электронӣ: admissions@ucentralasia.org

Tел:
+996 312 663 822/+996 770 822 901 (Қирғизистон)
+992 93 999 99 64 (Тоҷикистон)
+7 777 822 3948 (Қазоқистон)

Барои маълумоти бештар аз қайд гузаред