Системаи онлайни қабули аризаҳои ДОМ: Саволҳои роиҷ

QUICK LINKS

Барои кор бо Системаи онлайни қабули аризаҳои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ДОМ кадом браузер беҳтар аст?

Дар Системаи онлайни қабули аризаҳои ДОМ чӣ тавр аз қайд гузаштан лозим аст?

Барои дуруст пур кардани аризаи онлайн ман бояд чӣ кор кунам?

Агар ман аризаи онлайнро дастрас карда натавонам ё саволе дошта бошам, ба кӣ бояд муроҷиат намоям?

Агар ман бори аввал ариза пешниҳод карда истода бошам, чӣ кор бояд кунам?

Агар ман почтаи электронӣ надошта бошам, оё метавонам тавассути интернет ҳисоб эҷод кунам?

Паролро чӣ тавр созам? Оё ягон маҳдудияти миқдори аломатҳо вуҷуд дорад?

Чӣ тавр бояд фаҳмам, ки оё ман ҳисоб эҷод карда тавонистам?

Барои роҳ надодан ба хатогиҳо ҳангоми пур кардани аризаи онлайн чӣ кор бояд кунам?

Саҳифаи маълумоти шахсиро чӣ тавр эҷод кунам?

Агар ман имтиҳони SAT супорида, натиҷаҳои санҷиши SAT ва SAT эссеро фиристонида бошам, оё ман метавонам имтиҳони дохилшавии ДОМ-ро супорам?

Агар ман натиҷаҳои санҷиши SAT-ро фиристонида бошам, оё барои муайян намудани дониши забони англиси имтиҳон супорам ё не?

Ман шаҳрванди ҷумҳурии Қирғизитон/Тоҷикистон/Қазоқистон/Узбекистон/Туркманистон мебошам, лекин айни замон дар хориҷа зиндагӣ/таҳсил мекунам. Оё ман ҳуқуқи супоридани имтиҳони дохилшави дорам? Агар ҳа, чи тавр?

1 Барои кор бо Системаи онлайни қабули аризаҳои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ДОМ кадом браузер беҳтар аст?
Барои кор бо Системаи онлайни қабули аризаҳои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ беш аз ҳама Internet Explorer мувофиқ аст. Инчунин, браузерҳои Google Chrome ва Firefox-ро истифода бурдан мумкин аст.


2 Дар Системаи онлайни қабули аризаҳои ДОМ чӣ тавр аз қайд гузаштан лозим аст?
Барои аз қайд гузаштан дар система, бо ёрии пайванди http://www.ucentralasia.org/apply-online гузаред ба саҳифаи вуруд ба система гузаред.


3 Барои дуруст пур кардани аризаи онлайн ман бояд чӣ кор кунам?
Дастурҳо ва маслиҳатҳоеро, ки дар ҳар як саҳифа дода шудаанд, иҷро кунед. Ин маслиҳатҳо ба шумо барои пур кардани тамоми маълумоти зарурӣ кумак мерасонанд.

Мо тавсия медиҳем, ки пеш аз пур кардани ариза бо талаботи дохилшавӣ (талабот ба довталабон) шинос шавед. Маълумоти мухтасар дар бораи қадамҳои марбут ба пуркунии ариза дар http://www.ucentralasia.org/Admissions/HowToApply/TJ дастрас аст.


4 Агар ман аризаи онлайнро дастрас карда натавонам ё саволе дошта бошам, ба кӣ бояд муроҷиат намоям?
Тамоми саволҳои марбут ба тартиби пуркнӣ ва пешниҳоди аризаи онлайн бояд ба суроғаи почтаи электронии apply@ucentralasia.org равон карда шаванд.


5 Агар ман бори аввал ариза пешниҳод карда истода бошам, чӣ кор бояд кунам?
Агар шумо ин системаро бор аввал истифода бурда истода бошед, шумо бояд ба пайванди «Корбари нав» гузашта, ҳисоб эҷод кунед. Система аз шумо дархост мекунад, ки суроғаи почтаи электронӣ ва паролро ворид кунед.


6 Агар ман почтаи электронӣ надошта бошам, оё метавонам тавассути интернет ҳисоб эҷод кунам?
Нет. Чтобы зарегистрировать учетную запись у вас должна быть электронная почта. Обязательно заведите электронный ящик пеш аз оғози заполнению онлайн-заявки.

Дар хотир доред: Барои фаромӯш накардани суроғаи почтаи электронӣ ва пароли интихобшуда, онҳоро дар ягон ҷой навишта монед, чунки онҳо ба шумо барои ворид шудан ба система лозим мешаванд. Минбаъд тамоми маълумот ба ҳамин суроғаи почтаи электронӣ фирисӣода мешавад.

ЭЗОҲ: Суроғаи почтаи электрониеро нишон диҳед, ки онро дар рафти тамоми ҷараёни дохилшавӣ ба донишгоҳ истифода мебаред (пур кардани аризаи онлайн ва гирифтани маълумот дар бораи рафти баррасии он).


7 Паролро чӣ тавр созам? Оё ягон маҳдудияти миқдори аломатҳо вуҷуд дорад?
Бо мақсади бехатарӣ, парол бояд на камтар аз 7 аломат, аз ҷумла як аломати махсус ва (@, #, $, %) як рақам (масалан, Bishkek@12) дошта бошад. Пароли худро ба хотир гиред.


8 Чӣ тавр бояд фаҳмам, ки оё ман ҳисоб эҷод карда тавонистам?
Ба почтаи электронии шумо мактуби тасдиқӣ фиристода мешавад. Агар шумо чунин паём нагиред, дар қутти почтаи электронии худ ҷузвдони Sjunk-ро ("Спам") тафтиш кунед. Агар мактуби тасдиқӣ боз ҳам наояд, ба мо дар суроғаи apply@ucentralasia.org нависед.


9 Барои роҳ надодан ба хатогиҳо ҳангоми пур кардани аризаи онлайн чӣ кор бояд кунам?
Шумо бояд дастурҳои дахлдорро иҷро кунед ва огоҳиҳои пайдошударо бодиққат хонед. Ҳангоми пур кардани қисмҳои гуногуни ариза, система ба шумо луқмаҳо медиҳад, ки онҳоро иҷро карда, аризаро дуруст пур карда ва фиристода метавонед.


10 Саҳифаи маълумоти шахсиро чӣ тавр эҷод кунам?
Барои ин шумо бояд амалҳои зеринро ивро кунед:

  1. Мактуби тасдиқиеро, ки ба почтаи электронии шумо омадааст, кушоед. Бо пайванди дар мактуб нишон додашуда гузаред, ки он шуморо ба саҳифаи вуруд ба система мебарад;
  2. Суроғаи почтаи электронӣ ва пароли худро ворид кунед (худи ҳамон суроға ва паролеро истифода баред, ки ҳангоми аз қайд гузаштан нишон додаед);
  3. Агар шумо ба система бори аввал ворид шавед, дар экран маълумоти шахсӣ ва маълумоти тамоси ҷории шумо пайдо мешавад.

11 Агар ман имтиҳони SAT супорида, натиҷаҳои санҷиши SAT ва SAT эссеро фиристонида бошам, оё ман метавонам имтиҳони дохилшавии ДОМ-ро супорам?
Ҳа метавонед, лекин холҳои имтиҳони SAT ба инобат гирифта намешаванд.


12 Агар ман натиҷаҳои санҷиши SAT-ро фиристонида бошам, оё барои муайян намудани дониши забони англиси имтиҳон супорам ё не?
Не, наметавонед.


13 Ман шаҳрванди ҷумҳурии Қирғизитон/Тоҷикистон/Қазоқистон/Узбекистон/Туркманистон мебошам, лекин айни замон дар хориҷа зиндагӣ/таҳсил мекунам. Оё ман ҳуқуқи супоридани имтиҳони дохилшави дорам?
Ҳа метавонед лекин шумо бояд худ чораҳои заруриро амали намоед ё ин ки ҳамчун тариқи алтернативӣ метавонед натиҷаҳои санҷиши SAT ва SAT эссеро фирсонед.