Системаи онлайни қабули аризаҳои ДОМ

Доваталаби муҳтарам,

Дастурамали мазкур ба шумо имкон медиҳад, ки аризаи онлайнро барои дохил шудан ба Донишгоҳи Осиёи Марказӣ пур кунед.

Маслиҳатҳо

  1. Барои кор бо аризаи онлайн барои дохил шудан ба ДОМ мо ба шумо тавсия медиҳем, ки браузери Internet Explorer-ро истифода баред. Аризаро дар браузерҳои Firefox ё Google Chrome ҳам кушодан мумкин аст.
  2. Пеш аз оғози пуркунии ариза, бо талаботи қабул шинос шавед (талабот нисбати довталабон).
  3. Агар шумо аллакай дар Сиcтемаи онлайн қабули аризаҳо қайд шуда бошед, Қадами 1-ро партофта гузаред.

Қадами 1: Бақайдгирии ҳисоб

  1. Шакли аризаи онлайн барои дохилшавӣ ба ДОМ-ро дар сомонаи донишгоҳ кушоед: www.ucentralasia.org/apply-online
  2. Тавассути пайванди мазкур шумо ба саҳифаи вуруд ба система мегузаред.Барои бақайдгирии ҳисоб "New User"-ро (“Корбари нав”) интихоб кунед, тавре ки дар Расми1 нишон дода шудааст.
  1. Дар сатри мувофиқ суроғаи почтаи электронӣ ва пароли худро ворид намуда, ҳисобро эҷод кунед.
  2. Пароли шумо бояд на камтар аз 7 аломат дошта бошад, аз ҷумла як аломати махсус (@, #, $, %) ва як рақам: (масалан, Bishkek@12).
  3. Тугмаи "Register"-ро ("Бақайдгирӣ") бо муш пахш кунед, ва ба суроғаи электронии нишондодаи шумо паём бо тасдиқи бақайдгирӣ фиристода мешавад. Агар шумо чунин паём нагиред, дар қутти почтаи электронии худ ҷузвдони Junk-ро ("Спам") тафтиш кунед. Мактуби тасдиқиро кушода, ба пайванди қабулшуда гузаред.
  1. Пас аз он шумо ба саҳифа вуруд ба система мегузаред (ниг. Расми 1).
  2. Суроғаи почтаи электронӣ ва пароли худро ворид кунед. Худи ҳамон суроға ва паролеро ворид кунед, ки ҳангоми бақайдгирӣ истифода бурдед (Расми 2). Бо муш тугмаи "Login"-ро ("Вуруд") пахш кунед.

ЭЗОҲ

Суроғаи почтаи электрониеро нишон диҳед, ки онро дар рафти тамоми ҷараёни дохилшавӣ ба донишгоҳ истифода мебаред.

Танҳо як суроғаи почтаи электрониро истифода бурда, танҳо як ҳисоб эҷод кунед.

Агар дар давоми якчанд соат пас аз бақайдгирӣ ба почтаи шумо мактуби тасдиқӣ наояд, метавонед барои кумак ба мо муроҷиат намоед: apply@ucentralasia.org.

Қадами 2: Эҷоди саҳифаи шахсӣ

  1. Пас аз ворид шудан ба ҳисоби худ, дар экран саҳифаҳои зерин пайдо мешаванд (ниг. расмҳои 3a ва 3b):
  1. Барои тартиб додани ариза маълумоти шахсии худро ворид намоед, Тавре ки дар Расми 3b нишон дода шудааст.

Агар дар равзанаи City/Town ("Шаҳр") аз рӯйхати пешниҳодшуда шаҳри худро пайдо накунед, номи онро ба таври дастӣ ворид кунед.

Тугмаи "Save"-ро ("Захира") бо муш пахш карда, ба саҳифаи навбатӣ гузаред.

  1. Саҳифаи New Application ("Аризаи нав") ба шумо имкон медиҳад, ки барнома ва кишвареро, ки барнома дар он пешниҳод карда мешавад, интихоб намоед.

Пас аз он ки барномаи бакалавриатро интихоб кардед, бо муш тугмаи "Create Application"-ро ("Эҷоди ариза") пахш кунед – система ба экран дархост оид ба тасдиқро мебарорад (ниг. Расми 4).

Агар шумо аз интихоби худ қаноатманд бошед тугмаи "Yes"-ро ("Ҳа") пахш кунед.

ЭЗОҲ

Пас аз он ки ариза эҷод карда шуд, онро дигар нест кардан мумкин нест.


Саҳифаи навбатиро шумо бояд бодиққат хонед ва тасдиқ кунед, ки бо ҳуҷҷатҳои номбаршуда розӣ ҳастед.

  • Эзоҳ дар бораи қабули ариза
  • Эъломия дар бораи иттилооти пешниҳодшуда
  • Розигӣ дар бораи ҷамъоварӣ ва коркардӣ маълумот

Саҳифаи зеринро шумо бояд бодиққат хонед ва руйхати заруриро тасдиқ намоед.

Дар ҳошияи "I agree" аломати қайдро гузоред ва ба тугмачаи "Next" ро пахш намоед

Дар саҳифаи навбатӣ ба шумо пешниҳод карда мешавад, ки барномаи алтернативиро интихоб намуда, пас "Save & Next"-ро ("Захира ва гузариш ба саҳифаи навбатӣ") пахш кунед.

  1. Пас аз он ки барномаи алтернативиро интихоб кардед, шумо бояд боварӣ дошта бошед, ки “Choice#2” қайд намудед. Сипас шумо ба саҳифаҳои навбатӣ мегузаред, ки дар онҳо маълумоти мувофиқро ворид кардан лозим аст.

Марҳилаи 1: Маълумот дар бораи таҳсилот

Дар ин саҳифа (Расми 6) шумо бояд маълумот дар бораи таҳсилот ворид кунед.

  • Аз синфи 11 ё синфи охирон дар қисмати “Education Qualification” (Таҳсилот) шуруъ намоед (масалан “Аттестат дар бораи таҳсили миёна ва ғайра).
  • Ному муассисаи таълимӣ, ки шумо аз он ҷо аттестат гирифтед, нишон диҳед.
  • Номи шаҳр/вилояти муассисаи таълимиро нишон диҳед.
  • Дар кадом давлат муассисаи таълимиро ҳатм кардед нишон диҳед.
  • Санаи воридшавиро нишон диҳед.
  • Санаи хатмкуниро нишон диҳед (агар шумо муассисаи таълимиро ҳатм накардед, дар ҳошия "Result Awaited" аломати қайдро монед").
  • Баҳоҳои худ аз забони англисӣ ва риёзиёт нишон диҳед.
  • Барои илова намудани ин мавзӯъҳо, ба тугмаи пурбин ки дар назди ҳошия Subject” ҷойгир аст, интихоб намоед, сипас ENG, сипас тугмаи пурбин ки дар назди ҳошия “Grade” ҷойгир аст, пахш намуда баҳои худро интихоб намоед
  • Барои илова намудани боз як фан [+] пахш намоед. Қадамҳои болозикршударо такрор кунед, лекин бар ивази ENG, MATH-ро интихоб намоед

Агар баҳоҳои ҷамъбастӣ ҳоло гузошта нашуда бошанд, "Results Awaited"-ро ("Интизории натиҷаҳо") интихоб кунед.

Агар шумо хоҳиши илова намудани маълумот дар бораи дигар таҳсилот дошта бошед, ба "Save & Add New Qualification"-ро ("Захира ва илова") пахш кунед. Пас аз он, дар қисми поёни саҳифа ҷадвал бо маълумоти нишондодаи шумо пайдо мешавад (дурустии маълумотро санҷед).

Пас аз он ки ҳамаи курсҳои иловагиро нишон додед, "Save & Next"-ро ("Захира ва гузариш ба саҳифаи навбатӣ") пахш кунед.

Система ба таври автоматӣ ба саҳифаи навбатӣ мегузарад.


Қадами II: Санҷиши алтернативӣ

Ин саҳифа ба санҷиши SAT бахшида мешавад.

Агар шумо санҷиши SAT ва SAT ESSAY насупоред, шумо хоҳиши супоридани имтиҳони дохилшавии ДОМ-ро дошта бошед, ин бахшро пур накунед. Онро холӣ гузоред. Танҳо “Save & Next” ("Захира ва гузариш ба саҳифаи навбатӣ") ро пахш кунед ва ба саҳифаи навбатӣ гузаред.

Агар шумо хоҳиши супоридани санҷиши SAT ва SAT Essay-ро дошта бошед-саҳифаи зеринро ба таври зайл пур кунед:

  • Дар ҳошияи Test ID тугмачаи New SATI- ро нишон намоед
  • Санаи гузаронидани имтихони SAT-ро интихоб намоед
  • Кишваре, дар он имтиҳони SAT-ро месупоред интихоб намоед ва тугмачаи "Result Awaited "-ро пахш намоед.

Агар шумо имтиҳони SAT ва SAT Essay-ро супорида бошед, шумо метавонед холҳои худро тариқи зайл фирсонед:

  • Дар ҳошияи Test ID тугмачаи New SATI- ро интихоб намоед
  • Санаи супоридани имтиҳони SAT- ро нависед
  • Кишваре, ки шумо имтиҳони SAT- ро супоридед интихоб намоед
  • Холҳои худро мувофиқи шакли дархостшуда нишон диҳед

Баъд аз он ки шумо ин ҳошияро пур кардед, “Save & Next” ("Захира ва гузариш ба саҳифаи навбатӣ")-ро пахш намоед. Система ба таври автоматӣ ба саҳифаи навбатӣ мегузарад


Қадами III. Маълумот дар бораи волидайн/сарпарастонро нишон диҳед

Дар ин қисм на зиёд аз ду шахсро нишон додан мумкин аст.

Пас аз он, ки ҳамаи маълумотҳои заруриро илова намудед ва хоҳиши илова намудани боз як шахси дигар дошта бошед, пас "Save & Add New Relationship". «Захира ва муносибати нав»ро пахш намоед. Пас аз ин дар саҳифаи поён ҷадвал бо маълумоти шумо зикршуда пайдо мешавад (дуруст будани маълумотро санҷед).

Пас аз он, ки шумо ҳамаи маълумотҳои заруриро илова намудед ба тугмачаи “Save & Next” «("Захира ва гузариш ба саҳифаи навбатӣ").»ро пахш намоед.

Система ба таври автоматӣ ба саҳифаи навбатӣ мегузарад.


Қадами IV: маълумот дар бораи иштирок дар барномаҳои дигарро нишон диҳед

Пас аз он ки тамоми барномаҳоеро, ки шумо дар онҳо иштирок кардаед ва инчунин донишгоҳҳои дигареро, ки шумо мехостед ба онҳо дохил шудан, қайд намудед, "Save & Next"-ро пахш кунед ("Захира ва гузариш ба саҳифаи навбатӣ").

Система ба таври автоматӣ ба саҳифаи навбатӣ мегузарад.


Қадами V: Пур боркунии ҳуҷҷатҳо

  • Нусхаи шиноснома/шаҳодатномаи миллии шахсиятӣ
  • Агар шумо шаҳрванди ҷумҳурии Қирғизистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон набошед, он гоҳ ҳуҷҷатҳои зеринро пур бор намоед: Нусхаи расмии иқтибоси баҳоҳо аз мактаб

Ҳуҷҷатҳо бояд дар формати PDF е ин ки JPEG (JPG) пур бор карда шаванд ва андозаи онҳо набояд зиёд аз 1МВ бошад

Барои пур бор кардани нусхаи шиноснома/шаҳодатномаи миллии шахсиятӣ

  • Ба пурбин, ки назди ҳошияи “Document Type” ҷойгир аст, пахш намоед, сипас “National ID” интихоб намоед
  • Дар ҳошияи Document Name лутфан номи ҳуҷҷатро нависед (масалан:шиносномаи миллӣ)
  • Тугмачаи “Enter name of document to be uploaded”-ро пахш намоед ва ҳуҷҷатро интихоб намоед
  • Барои пур бор шудани ҳуҷҷат як чанд дақиқа интизор шавед
  • Баъд аз пур бор шудани ҳуҷҷат, он дар ҷадвали поён пайдо мешавад

Баъд аз пур бор намудани нусхаи расмии иқтибоси баҳоҳо аз мактаб ҳамин амалро низ иҷро менамоед:

  • Ба тугмачаи пурбин назди ҳошияи “Document Type” пахш намоед, сипас Educatioanl-ро интихоб намоед
  • Дар ҳошияи Document Name номи ҳуҷҷатро нависед (масалан: аттестат оид ба хатми мактаби миёна)
  • Тугмачаи Пур боркуниро пахш намоед ва ҳуҷҷатро интихоб намоед
  • Барои пур бор шудани ҳуҷҷат як чанд дақиқа интизор шавед
  • Баъд аз пур бор шудан ҳуҷҷат, он дар ҷадвали поён пайдо мешавад

Баъд аз пур бор шадани ду ҳуҷҷат, он бояд дар саҳифаи поён пайдо шавад


Қадами VI: Дар куҷо хоҳиши супоридани имтиҳони дохилшавии хаттии ДОМ-ро доред ва аз куҷо дар бораи Донишгоҳ маълумот пайдо кардед нишон диҳед, инчунин қабул намудани “Қоида ва шартҳо”-ро интихоб намоед

Маркази тестие, ки шумо хоҳиши супоридани имтихони ДОМ интихоб намоед

Имтиҳони дохилшавии ДОМ ба забони англиси гузаронида мешавад. Аммо дар қисмати математика шумо метавонед тарҷумаи супоришҳоро иловагӣ талаб кунед. Лутфан забони тарҷумаро интихоб намоед

Лутфан, бигуед чӣ тавр шумо дар бораи ДОМ маълумот пайдо кардед

Акси шиноснома дар ҳаҷми на зиёд аз 1МВ бо акси равшан ва симои ҷорӣ пур бор намоед. Селфи ва сурат аз шабнишиниҳо қабул карда намешавад

Фиристодани ариза

Пеш аз фиристодани аризаи онлайн барои дохилшавӣ ба ДОМ-ро фиристед, шумо метавонед маълумоти дар он нишон додашударо ислоҳ кунед. Ворид кардани тағйирот ва илова намудани маълумот танҳо то фиристоданиаризаи онлайн имконпазир аст.

Пеш аз фиристодани ариза, лутфан, маълумоти дар саҳифаҳо қаблӣ нишон додашударо санҷед.

Пас аз санҷидани маълумот "Save"-ро ("Захира") пахш кунед.

Тугмаи "Submit"-ро ("Фиристодани ариза") пхш кунед. Пас аз он ба қутти почтаи электронии шумо мактуби тасдиқии мувофиқ бо нусхаи ариза фиристода мешавад.

Инчунин, шумо бояд ба суроғаи почтаи электронии apply@ucentralasia.org ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро фиристед. Рӯйхати ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи зарурӣ дар сомонаи https://ucentralasia.org/Admissions/Index/TJ дастрас аст.