Идрорҳо, грантҳо ва пардохт барои таҳсил ва истиқомат

Маҷмӯи ҳуҷҷатҳоро барои дарёфти дастгирии молиявии ДОМ боргирӣ намоед. (муҳлати ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо 21июни соли 2020)

Қырғызстан студенттеріне
Тәжікстан студенттеріне
Қазақстан студенттеріне
Басқа да елдердің студенттеріне (Қырғызстан, Тәжікстан және Қазақстан Республикаларынан басқа)

Таҳсилоти олӣ – яке аз сармоягузориҳои муҳимтаринест, ки донишҷӯ ва оилаи вай карда метавонанд. Таҳсилоти дар донишгоҳи хуб ба даст омада ба тариқи ҷиддӣ ба имконияти расидан ба муваффақият ва рушд таъсир мерасонад.

Дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо имтиёзҳои назаррасӣ молиявӣ таҳсил кардан мумкин аст: агар донишҷӯ имтиҳонҳои қабулро супорад, вазъи молиявии вай барои ба даст овардани таҳсилоти босифат монеа намешавад. Ба туфайли кӯмаки молиявии саховатмандона, донишҷӯён ба ДОМ танҳо дар асоси пешрафти академӣ қабул карда мешаванд, қобилияти пардохт меъёри интихоби донишҷӯён нест. Агар довталаб ба донишгоҳ қабул карда шавад, ба вай дастгирии молиявӣ кафолат дода мешавад.

Дастгирӣ дар намудҳои зерин сурат мегирад:

  • Идрорҳо;
  • Грантҳо;
  • Қарзҳои бефоиз.

Пардохт барои таҳсил ва истиқомат бо асъори ҳамон кишваре ворид карда мешавад, ки шаҳракҳои донишҷӯён дар он ҷойгир шудаанд ва дар тамоми муддати курси бакалавриат тағйир намеёбад. Пардохт барои таълим дар ДОМ составляет 5000 доллари ИМА дар як солро ташкил медиҳад, ки ин назар ба аксар донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ, Чин, Туркия ва Русия пасттар аст. Ғайр аз он, тавре ки дар боло зикр шудааст, вобаста аз вазъи молиявии худ донишҷӯён метавонанд кӯмаки молиявӣ гиранд, ва беҳтаринҳо метавонанд аз пардохт барои таҳсил пурра озод карда шаванд.

Бар хилоҷи аксар донишгоҳҳои дигари минтақа, ки дар онҳо донишҷӯён бояд барои худ мустақилона манзили зист пайдо кунанд ва ғизои худро ташкил намоянд, ДОМ барои донишҷӯёне, ки дар барномаҳои бакалавриат таҳсил мекунанд, шароити истиқомати беҳамто муҳайё менамояд. Дар шаҳракҳои муосири донишҷӯён хобгоҳҳои роҳат, ғизо, ноутбукҳо, суғуртаи тиббӣ ва дигар инфрасохтори таҳсилотӣ пешниҳод карда мешаванд, ки арзиши умумии истифодаи онҳо дар як сол ба 3000 доллари ИМА баробар аст. Ин маблағ низ метавонад бо шартҳои имтиёзнок пардох карда шавад.

Маблағи миёнае, ки донишҷӯён дар давоми соли таҳсил барои пӯшонидани тамоми хароҷот – аз ҷумла арзиши таҳсил, истиқомат ва ғизо – ворид менамоянд, камтар аз 1400 доллари ИМА (камтар аз 140 доллар дар як моҳ) мебошад. Аксар донишҷӯён, агар онҳо дар хонаи худ мебуданд, шояд маблағи аз ин бештар масраф мекарданд.

Илова бар ин, дар асоси рақобат ба донишҷӯён аз кишварҳои Осиёи Марказӣ (Қирғизистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон) идрорҳои пурра дода мешаванд.


ДОМ саъй мекунад, ки таҳсилоти босифатро дастрас созад

Пардохти вориднамудаи донишҷӯён танҳо қисми муайяни арзиши умумии таҳсилро мепӯшонад: ДОМ тақрибан 80 фоизи арзиши таҳсили ҳар як донишҷӯро ба тариқи субсидия мепардозад. Пардохт барои таҳсил дар ДОМ нисбат ба арзиши гирифтани таҳсилоти олӣ дар донишгоҳҳои аз ҷиҳати сифат қобили муқоиса дар кишварҳои ҳамсояи Чин, Русия ва Туркия, инчунин беҳтарин донишгоҳҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ба таври назаррас пасттар аст.

Ба арзиши умумии таҳсил инҳо дохил мешаванд:

  • Пардохт барои таҳсил;
  • Арзиши китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ;
  • Муҳайё намудани компютери шахсӣ;
  • Истиқомат ва ғизо;
  • Хизматрасонии тиббӣ, маркази фитнес, машғулиятҳои варзишӣ, чорабиниҳои тандурустӣ;
  • Роҳнамоӣ ва машваратҳои инфиродӣ.

Пардохт барои таҳсил ва истиқомат дар ДОМ тамоми хароҷоти дахлдорро дарбар мегирад ва бо асъори миллӣ ворид карда мешавад

Арзиши таҳсил ва ғизо (бо эквиваленти доллар) дар тамоми муддати панҷ соли таҳсил дар ДОМ афзоиш намеёбад

Саволҳои роиҷ

Кадом роҳҳои пардохт мавҷуданд?
Маблағи таҳсил дар Донишоҳи Осиёи Марказӣ ба таври қобили таваҷҷуҳ кам карда шудааст ва бурсияҳои пурра ва нопурра низ пешниҳод мешаванд. Донишҷӯ пас аз дарёфти кумаки молӣ 50%-и боқимондаро то 1-уми сентябри соли таҳсил ва 50% -и дигарро то 10-уми январ пардохт мекунад. Донишҷӯён метавонанд маблағро мутобиқ ба қонунгузории миллӣ ба ҳисоби бонкие, ки аз ҷониби Донишгоҳи Осиёи Марказӣ омода мешавад, супоранд.

Оё донишҷӯён шартномаи таҳсилро имзо мекунанд?
Бале. Ҳар як донишҷӯ пеш аз шурӯъ шудани дарс дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ шартномаи хизматрасониҳои донишҷӯиро имзо мекунад.
[ Намунаро аз инҷо дастрас кунед ]

Ман барои кӯмаки молиявӣ кай ва бу куҷо муроҷиат карда метавонам?
Ҳамаи довталабоне, ки аз интихоби пешакӣ гузаштаанд, метавонанд барои кӯмаки молиявӣ муроҷиат намоянд. Донишҷӯён ҳар сол як маротиба барои кӯмаки молиявӣ муроҷиат мекунанд. Қарор оид ба пешниҳоди кӯмаки молиявӣ аз ҷониби кумитаи махсус қабул карда мешавад, на аз ҷониби шахси алоҳида.

Оё вазъи молиявии ман ба раванди қабул ба Донишгоҳ таъсир (манфӣ ё мусбӣ) мерасонад?
Қабул ба ДОМ дар асоси нишондиҳандаҳои академӣ сурат мегирад. Ба ДОМ донишҷӯёни муваффақтарин ва боистеъдодтарин ҳам аз минтақаҳои шаҳрӣ ва ҳам аз минтақаҳои деҳоти Осиёи Марказӣ, новобаста аз вазъи иқтисодии онҳо, қабул карда мешаванд. Қабули ягон довталаб ба ДОМ аз рӯи мулоҳизаҳои молиявӣ рад карда намешавад.

Қарзҳои донишҷӯӣ дар ДОМ аз рӯи кадом принсипҳо пешниҳод ва пардохт карда мешаванд?

  • Қарзҳои бефоиз бо асъори миллӣ дода мешаванд;
  • Аз лаҳзаи гирифтани қарз барои хизматрасонии он боҷи солона ба андозаи ду фоиз (2%) ситонида мешавад;
  • Пас аз хатми таҳсил пардохти қарз аз ҷониби донишҷӯён ба муддати ду сол таъхир дода мешавад; пас аз хатми муҳлати таъхир, донишҷӯён метавонанд қарзро дар муддати 10 сол баргардонанд.