Барномаи бакалавриат

Мактаби илмҳои гуманитарӣ ва дақиқи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ барномаи панҷсолаи бакалавриатро пешниҳод мекунад, ки донишҷӯён такмили равишҳои гуногун барои ҳалли мушкилиҳо ва овардани навовариҳо дар зиндагии хусусӣ ва касбии худ ба он ниёз доранд.

Равиши махсуси мо дар заминаи омӯзиш иборат аст аз:

  • Омӯзиши густурдаи илмҳои гуманитарӣ ва дақиқ, ки тафаккури интиқодӣ ва маҳоратҳои таҳлилӣ ва техникиро дар ҳамаи фанҳо инкишоф мекунад;
  • Барномаи таълимии бакалавриат дар ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон дар арсаҳои рӯ ба рушди саноатӣ таҳия шудааст;
  • Омӯзиши амалӣ, ки донишҳои назариявӣ ва амалиро барои ҳалли мушкилиҳои воқеъии ҷаҳон ироа мекунад.

Роҳи илмии шумо дар ДОМ

Дар ДОМ донишҷӯён имконият доранд, ки соҳиби ихтисоси асосӣ ва иловагӣ шаванд. Шумо пас аз панҷ сол донишгоҳро бо унвони Бакалаври илмҳои гуманитарӣ (BA) ва ё Бакалаври илмҳои дақиқ (BSc) хатм мекунед. ДОМ аввалин донишгоҳ дар Осиёи Марказӣ аст, ки ихтисосҳои асосӣ ва иловагиро дар якҷоягӣ ироа мекунад. Забони таълими барномаҳо танҳо ба забони англисӣ мебошад.

Шумо метавонед вобаста ба ихтисоси асосӣ ва иловагии интихобкардаи худ ба яке аз се кампуси Донишгоҳ дар Норин, Қирғизистон, Хоруғ, Тоҷикистон ва Текели, Қазоқистон (ифтитоҳаш соли 2022 дар назар аст) дохил шавед. Вобаста ба ихтисоси интихобкардаи худ шумо имконият доред як семестрро дар кампуси дигар гузаронед.

Шумо имконият доред аз тариқи Барномаи омӯзиши истеҳсолӣ дар ширкатҳои пешсаф таҷрибаи корӣ гиред.

Дар сурати доштани дастовардҳои истиноии таҳсилӣ ва ғайритаҳсилӣ донишҷӯён имконият доранд бо тавсияи Кумитаи интихоб мустақиман ба курси якум (бе гузаштан аз курси омодагӣ) гузаранд, дар ҳолате, ки онҳо имтиҳони дохилшавии риёзиро муваффақ супоранд.

"Ман мустақиман ба курси якуми ДОМ дохил шудам. Баъди таҳсил дар Амрико бо барномаи FLEX ин донишгоҳ барои ман беҳтарин интихоб буд. ДОМ донишҷӯён ва устодони миллатҳои гуногун дорад. Ин донишгоҳ имкониятҳои навро фароҳам мекунад ва барномаи таълимиаш махсусан барои рушди кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳия шудааст. Мо инчунин машғули варзиш ҳастем ва дар маҳфилҳои гуногун ширкат мекунем. Вақтамаон хеле хуш мегузарад."

Фариза Хосабекова
Хоруғ, Тоҷикистон
Иртиботот ва ВАО, кампуси Норин
Хатмкунандаи соли 2022

НОРИН, ҚИРҒИЗИСТОН
ХОРУҒ, ТОҶИКИСТОН
ТЕКЕЛӢ, ҚАЗОҚИСТОН
(дар назар аст соли 2022 ифтитоҳ шавад)

Донишҷӯёне, ки ихтисосҳои "Илми компютер" ва "Иртиботот ва ВАО"-ро интихоб мекунанд, дар кампуси Норин, Қирғизистон таҳсил мекунанд.
Донишҷӯёне, ки ихтисосҳои "Иқтисод" ва "Илмҳо дар бораи замин ва муҳити зист"-ро интихоб мекунанд, дар кампуси Хоруғ, Тоҷикистон таҳсил мекунанд.
Донишҷӯёне, ки ихтисосҳои "Илмҳои муҳандисиву техникӣ" ё "Тиҷорат ва идоракунӣ"-ро интихоб мекунанд, дар кампуси Текелӣ, Қазоқистон таҳсил хоҳанд кард.

Бо омузгорон шинос шавед

Люси Палмер
Омузгори давъватшуда,
ихтисос "Иртиботот ва ВАО"
Нил Галлагер
Профессори даъватшуда,
ихтисос "Илми компютер"
Ребекка Рамсай,
Устоди (лектор)
калон оид ба фанни таърих

Шарикони илмӣ

Донишҷӯёни ДОМ дар доираи барномаи панҷсолаи бакалавриат инчунин аз барномаи омодагӣ , ки дар ҳамкорӣ бо Коллеҷи Сенекаи Канада таҳия шудааст, мегузаранд. Барномаи таълимии ДОМ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Торонто, Канада (Илми компютер), Донишгоҳи Колумбияи Британия, Канада (Илм дар бораи замин ва муҳити зист), Мактаби олии иқтисоди Донишгоҳи миллии таҳқиқотии Маскав ва Мактаби иқтисоди Стокголм / Рига, Латвия (Иқтисод) ва Донишгоҳи технологии Сидней, Австралия (Иртиботот ва ВАО) таҳия шудааст. Барномаи омӯзиши истеҳсолӣ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Викторияи Канада таҳия шудааст.

ДОМ барномаи панҷсолаи бакалавриатро ироа мекунад:

  • Курсҳои омодагӣ, фарофаннӣ, илмҳои гуманитарӣ ва курсҳои зарурӣ
  • Шаш ихтисос ё риштаҳои аслӣ (инчунин метавонанд риштаи иловагӣ интихоб шаванд)
  • Барномаи омӯзиши истеҳсолӣ

"Таҳсил дар ДОМ як давраи хотирмон аст. Барои ман имконияти беназире даст дод, ки дар ҳар ду кампус таҳсил кардам ва бо фарҳанги ғании Қирғизистон ва Бадахшон ошно шудам. Дар давраи таътили тобистона дар бахши назорат ва арзёбии (M&E) дафтари USAID таҷрибаомӯзӣ кардам. Ман дар маърази ҷаҳони воқеъӣ қарор гирифтам ва дар мавриди ахлоқи корӣ, иттилоот ва гирдоварии он чизҳои зиёде омӯхтам."

Озар Айнӣ
Душанбе, Тоҷикистон
Илми компютер, кампуси Норин
Хатмкунандаи соли 2021

Барномаи омодагӣ

Соли аввали таҳсил дар барномаи панҷсолаи ДОМ дониҷшӯён аз барномаи тайёрӣ мегузаранд, ки бо назардошти стандартҳои байналмилали эҳтироф шудааст. Ин барнома дарсҳои забони англисӣ, риёзӣ ва илмҳои дақиқро дар бар мегирад ва барои ироа кардани маҳорат ва донишҳои зарурӣ таҳия шудааст, то муваффақияти шуморо дар фазои илмии сатҳи ҷаҳонӣ таъмин кунад.


Ихтисосҳои асосии бакалавриати ДОМ

Илми компютер, бакалаври илми дақиқ (BSc)
Оё технология мавриди алоқаи шумост ва мехоҳед дар саноати дар ҳоли рушди минтақаӣ саҳм гузоред? Оё мехоҳед маҳоратҳо ва зарфиятҳои худро дар муқобили мушкилиҳои технология имрӯзӣ рушд бидиҳед? Оё мехоҳед барои ворид шудан ба ҷаҳони технология, шурӯъ кардани тиҷорат ва ё идомаи таҳсил дар сатҳи болотар аз барномаҳои компютерӣ ва риёзӣ истифода кунед? Оё мехоҳед дар мавриди риштаи навзуҳури илми компютер дар Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби устодҳои таҷрибадор тадрис мешавад биомӯзед? Агар ҷавоби шумо мусбӣ аст, пас ихтисоси Илми компютери ДОМ барои шумост.

Иртиботот ва ВАО, бакалаври илмҳои гуманитарӣ
Шумо истеъдоди хуби навиштан ва пайдо кардани робита бо одамонро доред? Мехоҳед шаҳри худро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ бипайвандед? Мехоҳед дар муаррифӣ кардани Осиёи Марказӣ саҳмгузор бошед? Мехоҳед аз тариқи такомули технологияи расонаӣ ва гуфтумон омили тағйир дар минтақа бошед? Шумо халлоқ ҳастед ва ба омӯхтани забонҳо шавқ доред? Агар чунин бошад, пас ихтисоси Иртиботот ва ВАО барои шумост.

Илм дар бораи замин ва муҳити зист, бакалаври илми дақиқ
Оё ба табиат шавқу ҳавас доред? Оё имкониятҳои беҳбуди шеваҳои муҳити зистро мебинед? Барои ҳифзи захираҳои беназири Осиёи Марказӣ омодаед? Аз истифодаи мафҳумҳои илмӣ дар мушкилиҳои ҷаҳони воқеӣ лаззат мебаред? Агар чунин аст, пас ихтисоси Илм дар бораи замин ва муҳити зист барои шумо аст.

Иқтисод, бакалаври илмҳои гуманитарӣ
Шумо ба шуғли сиёсати иқтисодӣ рағбат доред, ки ба пешрафту тарақиёти Осиёи Марказӣ мусоидат кунад? Шумо талош мекунед, ки дар ҷомеа соҳибкори таъсиргузор бошед? Шумо ба барномаҳои таҳлилӣ шавқ доред, ки ширкатҳо барои тасмимгириҳои тиҷоратӣ истифода мебаранд? Мехоҳед дар пайдо кардани роҳҳалҳо барои мушкилоти ҷаҳонӣ ба монанди фақр, афзоиши нобаробарӣ ва тахриб шудани муҳити зист кумак кунед? Агар мехоҳед, пас барномаи Иқтисоди ДОМ барои шумост.

Муҳандисӣ, бакалаври илми дақиқ (соли 2022 шурӯъ хоҳад шуд)
Оё ба шумо ҳал намудани масъалаҳо ва чӣ тавр сохтани механизмҳо ҳавасманд ҳастед? Шумо фикри чӣ тавр фаъол намудани онҳоро фикр мекунед? Оё аз имкониятҳои мафҳумҳои илмӣ барои мушкилоти дунёи воқеӣ истифода бурдан метавонед? Ба кашфи роҳҳалҳои гуногун барои мушкилиҳои бузург омодаед? Агар чунин бошад, пас барномаи Муҳандисии ДОМ барои шумост.

Тиҷорат ва идоракунӣ, бакалаври илми гуманитарӣ (соли 2022 шурӯъ хоҳад шуд)
Оё мехоҳед дар ҷаҳони тиҷорат муваффақ шавед? Оё аллакай барои тиҷорати худ идея доред? Мехоҳед барои боло бурдани иқтисоди Осиёи Марказӣ маҳоратҳоеро фаро гиред? Агар чунин аст, пас барномаи Тиҷорат ва идоракунии ДОМ барои шумост.

Барномаи омӯзиши истеҳсолӣ

Барномаи омӯзиши истеҳсолии ДОМ барномаи муштараки омӯзиш ва кор аст. Дар ин барнома донишҷӯён дониши андӯхтаи худро дар доираи ихтисоси худ дар зиндагии воқеӣ дар идораҳои хусусӣ ва давлатӣ амалӣ мекунанд. Ин барнома таҷрибаомӯзии музднок ва бемуздро ироа мекунад ва донишҷӯёнро дар заминаҳои илмӣ ва кории фаротар аз донишгоҳ омода мекунад.

Барномаи омӯзиши истеҳсолии ДОМ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Викторияи Канада таҳия шудааст.

Ин барнома барои донишҷӯёни ДОМ ҳатмӣ аст. Як иқдоми навоваронаест, ки имконияти таҷриба кардани бозори кори дохилӣ ва байналмилалиро аз тариқи корёбии сохторӣ дар се моҳи таҳсили панҷсола фароҳам мекунад. Омӯзиш марҳила ба марҳила – аз ҷустуҷӯи кор то ёд гирифтани маҳоратҳои арзишманди робита бо одамон ва омӯзиши корӣ инчунин иштирок дар омӯзишҳои саҳроӣ ва анҷом додани арзёбии якҷояи пешрафти донишҷӯ сурат мегирад.
> Маълумоти бештар дар бораи Барномаи омӯзиши истеҳсолӣ


Имкониятҳо барои тадқиқот

Дар ДОМ ба шумо имконияти васеъи академӣ барои ошкор намудани нерӯи илмӣ кушода мешавад. Шумо ба коршиносони арсаи тадқиқот, имконот ва иттилооти Институтҳои тадқиқотӣ ва марказҳои омӯзишии ДОМ дастрасии бесобиқа хоҳед дошт. Инҳо барномаҳои илмии шуморо такмил ва барои шумо имкониятҳои беназири омӯзиширо ба монанди имкониятҳои тадқиқ; имкониятҳо барои нашри муштаракаи мақолаҳои илмӣ бо олимони машҳур; тавсияҳо барои навиштани кори дипломӣ; шиносоӣ бо олимони маъруф аз кишварҳои хориҷ; истифодаи равишҳои илмӣ дар ҳамаи риштаҳо ва эҷоди дониш фароҳам мекунанд.