Чаро бояд ДОМ-ро интихоб кард?

ДОМ беҳтарин ва имкониятро барои таҳсилот дар Осиёи Марказӣ фароҳам мекунад:

5 сабаби интихоби ДОМ

  • 7 донишгоҳи шарики баналмилалӣ
  • Зиндагӣ дар муҳити забони англисӣ
  • 65% омӯзгорон унвони докторӣ доранд
  • 75% омӯзгорони хориҷӣ ва 25% аз Осиёи Марказӣ
  • Кампус 100% аз интернет таъмин аст

Бо устодон шинос шавед

Лусӣ Палмер,
Устоди Иртиботот ва ВАО
Нил Галлагер,
Проффесори Илми компютер
Ребекка Рамсай,
Устоди Таърих

"Мо дар ДОМ ҳамчун як оила ҳастем, ки ҳама аъзои он ба якдигар муносибати хайрхоҳона доранд. Омӯзгорон дар ҳақиқат мехоҳанд, ки мо дар таҳсил муваффақ бошем ва ҳама вақт барои кумак омодаанд. Мо бисёр дӯстони наздик пайдо кардем;доимо якдигарро ба оғӯш гирифта шухӣ мекунем. Худро дар хонаи худ эҳсос мекунем."

Адинай Мукамбетова
Норин, Қирғизистон
Иртиботот ва ВАО, кампуси Норин
Хатм - 2023
  • Кампусҳои муосир дар масоҳати 339 гектар
  • Хобгоҳҳои бехатар бо ҷойҳои истифодаи умумӣ, аз ҷумла майдончаи бозӣ ва толор барои истироҳат ва таҳсил:
  • Имконияти ҳаракати бемаъмоният барои курсиҳои чархдор (аробачаи маъюбӣ) дар дохили хобгоҳ
  • Таъмини амнияти шабонарӯзӣ, пиёдаравҳои пӯшида, рӯшноии худкор ва лифт
  • Дастрасии комил ба интернет дар тамоми кампус
  • Ноутбук ба ҳар як донишҷӯ
  • Китобхона бо манобеи бузурги электронӣ
  • Толори варзиш бо таҷҳизоти муосир ва мураббӣ
  • Дар ҳудуди кампус имконоти варзишии сатҳи байналмилалӣ ҷойгир аст: майдонҳои футболи ҷавобгӯ ба меъёрҳои ФИФА, майдони теннис ва толори болопӯшидаи варзишӣ, ки дар он ҷо метавон тамоми сол ба бозии теннис, баскетбол, бадминтон, волейбол ва футбол машғул шуд.

  • Бурсияҳои пурра бар асоси шоистагӣ
  • Саҳми миёнаи донишҷӯён дар як сол $1400 мебошад
  • Кумаки молӣ 90% арзиши таҳсилро дар бар мегирад
  • Ҳар сол 15% донишҷӯёни болаёқат бурсияҳои пурра мегиранд

  • Баргузор кардани TEDx ва конфронсҳои байналмилалӣ
  • Фестивалҳо
  • Саёҳат
  • Намоиши истеъдодҳо ва чорабиниҳои бегоҳӣ
  • Кор бо сокинони маҳаллӣ
  • Донишҷӯён аз 9 кишвар; 80% аз Осиёи Марказӣ ва 20% аз дигар кишварҳо

  • Лоиҳаҳо ва таҷрибаомузӣ донишҷӯёнро то хатми донишгоҳ бо 9 моҳи таҷрибаи корӣ таъмин мекунад
  • 300 имконияти таҷрибаомузӣ дар бештар аз 90 ташкилот дар Осиёи Марказӣ ва кишварҳои хориҷӣ
  • Барномаи такмили ихтисос, ки барои донишҷӯён маҳоратҳои муоширати байнифардии барои муваффақият заруриро фароҳам мекунад
  • Маҳоратҳои соҳибкорӣ: хатмкунандагони ДОМ-ро на ҳамчун ҷӯяндагони кор, балки ба ҳайси эҷодгарони кор омода мекунанд

АЗ ЗАБОНИ ДОНИШҶӮ
Дар объект донишҷӯи барномаи бакалавриати ДОМ «Иртиботот ва ВАО» Заррина Гафурова имконият гузаштани таҷрибаомузӣ дар маркази коркарди маълумот Nielsen Admosphere дар Прага пайдо кард (ҷумҳурии Чехия), ки он дар доираи барномаи истеҳсолӣ ДОМ ташкил карда шудааст.

"Сафари ман аз хоҳиши оддии дарк кардани ягон чизи нав аз минтақаи ҳузур оғоз шуд. Барои донишҷӯе, ки на бо рақам балки ба гапфурушӣ одат кардаанд, коркади калони маълумот бештар аҷоиб аст? Ҳамин тавр ман ба таҷрибаомузӣ ба яке аз пешсафони ҷаҳонӣ дар соҳаи вао-тадқиқот афтодам".
[ Матлаби комилро ба забони русӣ бихонед ]