Нахустин бор 160 донишҷӯ ММКД-и Бохтарро хатм карданд

Date: 17 February 2020
Other languages: English | Русский язык |
Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори (ММКД) Донишгоҳи Осиёи Маркзӣ 15-уми феврали соли 2020 нахустин маросими хатми таҳсилро дар маркази омӯзишии шаҳри Бохтар баргузор намуд. Бештар аз 160 донишҷӯ дарсҳои забони англисии сатҳи гуфтугӯӣ, забони русӣ, банақшагирии тиҷорат, муҳосибот ва Гувоҳномаи байналмилалии корбарии компютер (ICDL)-ро бо муваффақият хатм карданд. Маркази омӯзишии шаҳри Бохтар моҳи марти соли 2019 ифтитоҳ шуда, то имрӯз 635 донишомӯзро ба таҳсил фаро гирифтааст. 


Ашам Миралиева (аз тарафи рост), хатмкунандаи барномаи забони англисии ММКД дар ҳоли гирифтани гувоҳнома аз дасти Диловар Бутабеков, директори Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор.
“ММКД фурсатеро фароҳам кардааст, ки ман метавонам дониши худро дар заминаи тиҷорат ва инчунин эҷоди робита бо дигар соҳибкорон дар вилоят тавсеа диҳам”-мегӯяд Акмал Акрамшоев, хатмкунандаи дарси Банақшагирии тиҷорат аз ноҳияи Ҷайҳун. “Дониш аз пояҳои аслии расидан ба муваффақият аст ва чизеро, ки мо дар ММКД омӯхтем ба амалӣ намудани нақшаҳо, расидан ба қуллаҳои нав ва боло бурдани маҳоратҳои касбии мо ба гунаи чашмрас мусоидат мекунад.”

Дарсҳои Банақшагирии тиҷорат дар ММКД дар доираи лоиҳаи муштараки  Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва Бунёди Оғохон таҳти унвони “Пешрафти Тоҷикистон: Ҳамкорӣ барои рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ”, баргузор мешаванд. Шурӯъ аз моҳи марти соли 2019 54 донишомӯз дар дарси 150 соатаи ММКД худро сабти ном карда, 46 нафари онҳо ҳангоми маросими хатм соҳиби гувоҳнома гардиданд. 

Маросими хатми таҳсил дар қасри “Кохи Ватан”-и шаҳри Бохтар бо иштироки намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон, Ташкилоти Оғохон оид ба Рушд, созмонҳои байналмилалӣ ва аъзои ҷомеа баргузор гардид. Раҷабалӣ Раҷабов, муовини раиси вилояти Хатлон, Қозидавлат Қоимдодов, намояндаи дипломатии AKDN дар Тоҷикистон, Паул Ричардсон, роҳбари USAID дар Тоҷикисон, Кишвар Абдулалишоев, директори иҷроияи Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон ва Диловар Бутабеков, директори ММКД аз меҳмонони расмии маросими хатм буданд. Маросими хатми таҳсил бо ҳунарнамоии дастаи фолкролӣ-этнографии “Хутал” ба анҷом расид. 

Мактаби маълумот касбӣ ва давомдор ба унвони шарики амалӣ намудани лоиҳаи “Пешрафти Тоҷикистон” ҳадаф гузоштааст, ки 165 ҳазор сокинро мустақиман ва 460 ҳазор бошандаи 16 ноҳияи Тоҷикистон воқеъ дар марз бо Афғонистонро ба таври ғайримустақим дар барномаҳои худ фаро гирад. Лоиҳаи “Пешрафти Тоҷикистон” ҳамкории худро ҷиҳати тақвият додани рушди иҷтимоӣ-иқтисодии мардону занон ва кӯдакони вилояти Хатлон ва ВМКБ бештар мекунад. ММКД дар доираи ин лоиҳа соҳибкоронро дар заминаи дастрасӣ ба сармоягузорӣ ва хизматрасониҳои техникӣ дастгирӣ мекунад. Ҳадафи мазкур бо густариш додани давраҳои омӯзишии соҳибкорӣ (200 нафар) ва соҳибкории иҷтимоии (160 нафар) Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар 16 ноҳияи марзии ВМКБ ва Хатлон амалӣ мешавад.
This website uses cookies
Cookies are small text files held on your computer. They allow us to give you the best browsing experience possible and mean we can understand how you use our site.
Some cookies have already been set. You can delete and block cookies but parts of our site won't work without them.
By using our website you accept our use of cookies.
Yes, I agree No, I want to find out more