Кормандони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ маоши якрӯзаи худро ба Бунёди ҳамбастагии пешгирии COVID-19 доданд

Date: 13 April 2020
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо ҳадафи ироаи кумак ба хонаводаҳое, ки аз пайомадҳои башарӣ ва иқтисодии COVID-19 ранҷ мебаранд, бунёд таъсис додааст. Кормандони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ маоши якрӯзаи худро ба таври ихтиёрӣ ба ин бунёд эҳдо мекунанд, ки ба хонаводаҳои ниёзманд тавзеъ мешавад.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар доираи иқдоми пешгирии COVID-19 дар шаҳрҳои Хоруғ (Тоҷикистон) ва Норин (Қирғизистон) варақаҳои иттилоотӣ тавзеъ дод.
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ инчунин барои 500 хонаводае, ки аз ҷониби дафтари шаҳрдории Норин ҳамчун оилаҳои осебпазир шинохта шудаанд, маводи ғизоӣ ва тиббӣ кумак кард. Илова бар ин, дар доираи раванди коҳиш додани COVID-19 ва таъсиси минтақаи муоина дар кампуси Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Норин 90 кат омода шудаанд. Ба хотири тақвияти иқтисоди маҳаллӣ Донишгоҳи Осиёи Марказӣ лавозими бистари хоб, ки занони рустонишини Норин дӯхтаанд, харидорӣ кардааст.