Ҷангалҳои арча ва зиндагии ҷомеаҳои кӯҳистонӣ

Date: 04 June 2020
Other languages: English | Русский язык |
Аз як се як ҳиссаи ҷангалҳои Тоҷикистон ва Қирғизистонро дарахтони арча ташкил медиҳанд. Дар минтақаҳои кӯҳистонии миёна ва баланди Осиёи Марказӣ ҷангалҳои дарахти арча то 80%-и тамоми ҷангалҳоро ташкил медиҳад. Гулзар Омурова, пажӯҳишгари Донишкадаи тадқиқоти манотиқи куҳии (MSRI) Донишгоҳи Осиёи Марказӣ мегӯяд барои ҳифзи ин захираи табиии нодир ба таҳияи модели устувор ва самарабахши ҷангалҳои арча ниёз аст. То ба имрӯз дар бораи ин навъи дарахтон ҳеч иттилои илмии дақиқ вуҷуд надорад. 


Дарахти буридашудаи арча дар минтақаи “Куликалон”
“Дар ба даст овардани донишҳои илмӣ ба монанди ҳисоб кардани самарабахшӣ ва афзоиши мутлақи дарахтони алоҳида як шикофи иттилоотӣ вуҷуд дорад. Дарахтон манбаи иттилои дақиқ мебошанд. Онҳо метавонанд дар бораи ҳамаи фаслҳои сол ва тамоми арсаҳо иттилоъ бидиҳанд: чигунагии ҳаво, ҳаҷми оби дарё ва заминҷунбӣ ва афзоишу коҳиши ҳашарот ва ҳайвоноти дигар. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ки табиат хосияти даврӣ дорад, барои пешбинӣ ва моделсозӣ кумак мерасонанд ”

Донишкадаи тадқиқоти манотиқи куҳии (MSRI) Донишгоҳи Осиёи Марказӣ соли 2019 бо ҳадафи пур кардани халои иттилоотӣ дар мавриди ҷангалҳои арча дар Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҳамкорӣ бо олимони Тоҷикисон, Қирғизистон ва Олмон барномаи тадқиқотиро дар бораи ҷангалҳои арчаи Осиёи Марказӣ рӯи даст гирифт. Ин барнома дар панҷ самт аз ҷумла тадқиқоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, таҳлили дендрохронологӣ, арзёбии минтақаҳои паҳншавӣ ва биомассаи ҷангалҳои арча бо истифода аз равишҳои санҷиши фосилавӣ, моделсозии рушд ва тахриб шудани ин ҷангалҳо фаъолият мекунад. 


Гулзар Омурова дар ҳоли омӯзиши ҳалқаҳои сол ва намунаи дарахтони Зарафшони ғарбӣ аст.
Тадқиқоти Гулзар Омурова рӯи дедрохронология тамаркуз мекунад. Ин яке аз самтҳои ҷолиб дар илм аст, ки дарахтонро мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Дарахтон ҳамчун бойгонии зинда иттилои дақиқи ҳазор сол пешро дар худ нигоҳ медоранд. Гулзор Омурова имрӯз намунаи дарахти арчаи қаторкуҳҳои ғарби водии Зарафшони Тоҷикистонро зери микроскопи худ таҳқиқ мекунад. Ин пажӯҳишгар соли гузашта даҳҳо намунаи дарахтро аз 20 минтақаи водии Зарафшон мавриди таҳқиқ қарор дод ва иттилои 126 соли охирро (аз 1893 то 2019) таҳия кардааст. Дар соли ҷорӣ намунаҳои нав дар ҳоли таҳқиқ мебошанд. 

Таҳқиқотҳои анҷомшуда барои моделсозии равандҳои тахрибшавӣ ва тавозуни об, афзоиши ҷангалҳои арча ва пешгӯии ҳтимоли тағйирот кумак мекунанд. Ин таҳқиқотҳо имконият медиҳанд, ки ба мақомот ва сокинони маҳаллӣ роҳҳалҳои амалии мудирияти захираҳои ҷангал, ба хусус дар ҷойҳои аз назари экологӣ ва иқтисодӣ қобили қабул пешниҳод шаванд. Таҳқиқотҳои мазкур барои Тоҷикистон аҳамияти бештар доранд, чунки танҳо 3% қаламрави онро ҷангал ташкил медиҳад. Ин ҷангалҳо аз назари ҳифз ва танзими об ва инчунин барои ҳифозати хок ва коҳиш додани офатҳои табиӣ аҳамияти зиёд доранд. 

Бо вуҷуди ин, ки ҷангалҳо аз нигоҳдории хос бархурдор мебошанд, вале вазъияти онҳо дар пайи таъсироти антропологӣ бадтар мешавад. “Чаронидани аз ҳад зиёди ҳайвонот ва истифодаи ғайриқонунии ҷангал барои ҳезум боиси паст шудани инкишофи биомасса ва рушди табиии ҷангал мешавад. Аз рӯи баъзе нишондодҳо масоҳати ҷангалҳои арча дар як сол тақрибан аз 2 то 3% коҳиш меёбад. Бо чунин суръат коҳиш ёфтани масоҳати ҷангалҳо на танҳо боиси биёбоншавии баргаштнопазир мешавад, балки сабаби бештар шудани офатҳои табиӣ низ мегардад. Ин раванд барои хоҷагии қишлоқ ва ҳаёти мардумони бумӣ хатари воқеӣ мебошад”-мегӯяд Жилдиз Шигаева, пажуҳишгари аршади Донишкадаи тадқиқоти манотиқи кӯҳистони Мактаби олии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ. 

Дар натиҷаи гузаронидани тадқиқотҳои саҳроӣ дар панҷ деҳа маълум шуд, ки  дарахти арчаро барои зиндагии рӯзмарра бештар истифода мекунанд. Дар бештари ҳолатҳо ин раванд ба таври ғайриқонунӣ идома меёбад, чунки танҳо 5% хонаводаҳо барои буридани дарахтони пир иҷозатнома доранд. Инчунин муайян шуд, ки хонаводаҳои соҳиби квотаи ангиштсанги ройгон (кормандони кони ангиш) онро барои пухтани нон истифода намебаранд. Ба сабаби масраф шудани ҳудуди 30-40% буҷаи оила барои ангиштсанг дар фасли сармо мардум аз истифодаи он худдорӣ мекунанд. Ҷанбаҳои фарҳангҳои суннатӣ низ дар истифода аз арча барои пухтани нон нақш доранд, чунки мардум бар ин боваранд, ки чӯби арча барои нон маззаи хос медиҳад. 


Ҷангалҳои арчаи Тоҷикистон. Акс аз Муслим Бандишоев, ДОМ.
Таҳлилҳои аввалияи иқтисодӣ-иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ки аз ин манбаҳои арзишманди ҷангалӣ истифодаи ноустувор сурат мегирад. Дар соли ҷорӣ барои рӯшан кардани тасвири комили истифодаи манбаҳои ҷангалӣ дар Тоҷикистон барои рӯзгор ва чарогоҳ тадқиқот анҷом мешавад. Ин тадқиқот истифодаи харобиовари ҷангалҳои арчаро муайян карда, роҳҳалҳои алтернативиро пешниҳод мекунад. “Як таҳдиди воқеӣ ин аст, ки наслҳои оянда ҳаргиз ҷангалҳои дарахти арчаро нахоҳанд дид. Зеро имрӯз ба ин манбаи арзишманд ҳамчун ба манбаи ройгон муносибат мешавад, ки ниёз ба таваҷҷуҳи хос надорад”, мегӯяд Жилдиз Шигаева.

Дар кишвар бештар аз 30 сол ҳисоботи маҷмӯӣ ва назорати гуногунии биологӣ, экосистема ва ҷангалҳо гузаронида нашудааст, ки боиси куҳна шудани додаҳо ва иттилоот шудааст. Аз ин рӯ, фаъолияти ҳифзи муҳити зист ва идораи ҷангал бар асоси додаҳои кӯҳна ва баҳогузориҳои тахминӣ барномарезӣ мешаванд. 

Дар ин замина, натиҷаҳои барномаи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ аҳамияти махсус доранд. Моделсозӣ, додаҳои тадқиқоти фосилавӣ ва иттилоот дар бораи афзоиши биомассаи ҷангал имконият медиҳад, ки таҷдид ва коҳиш ёфтани ҷангалҳо мушоҳида шуда, бар асоси он назорат ва иқдомоти пешгирикунанда тақвият шаванд.  
This website uses cookies
Cookies are small text files held on your computer. They allow us to give you the best browsing experience possible and mean we can understand how you use our site.
Some cookies have already been set. You can delete and block cookies but parts of our site won't work without them.
By using our website you accept our use of cookies.
Yes, I agree No, I want to find out more