Ҳамкории Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Агентии Оғохон оид ба макони зист (AKAH) барои мусоидат ба рушд дар Тоҷикистон

Date: 29 July 2020
Other languages: English | Русский язык |
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Агентии Оғонхон оид ба макони зист (AKAH) дар Тоҷикистон 27-уми июли соли 2020 бо ҳадафи табдил додани Хоруғ ба шаҳри амн ва устувор ва ҳамкорӣ дар заминаҳои омӯзишӣ,  бо шумули боло бурдани  зарфияти пажуҳишии олимон ва устодони ҷавону миёнсол тафоҳумнома имзо карданд. 


Ҳодӣ Ҳусайнӣ (аз тарафи чап), мудири иҷроияи Агентии Оғонхон оид ба макони зист  дар Тоҷикистон ва Музаффар Ҷорубов, мудири иҷроияи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ҳамгоми табрики ҳамдигар пас аз имзои тафоҳумнома.
Заминаҳои ҳамкорӣ ҳамчунин шомили тарҳҳои тадқиқотии муштарак, сиёсатгузорӣ, табодули иттилоъ ва дониш, дархостҳои муштарак барои дарёфти кумакҳои молӣ, истифода аз имконот ва ташкили гуруҳои машваратӣ ва корӣ мешаванд. Дар доираи ин ҳамкорӣ Агентии Оғохон оид ба макони зист (AKAH) инчунин барои донишҷӯёни Донишгоҳи Осиёи  Марказӣ имкониятҳои таҷрибаомӯзиро фароҳам мекунад. 
 
“Ба ҳам овардани тарафҳои калидӣ, ки дар Хоруғ– шаҳри устувор ба таконҳои иҷтимоӣ, табиӣ ё тандурустӣ сармоягузорӣ мекунанд–ин ҳамкорӣ барои ояндаи Хоруғ дурнамоеро тарҳрезӣ мекунад, ки ин шаҳрро ба як маркази зиндаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ табдил медиҳад, ки мавриди интизори мо аст”, мегӯяд Ҳоди Ҳусайнӣ, мудири иҷроияи Агентии Оғохон оид ба макони зист.  

Барномаи устувории шаҳри Хоруғ яке аз бахшҳои муҳими ин ҳамкорӣ мебошад, ки ҳадафи он таҳияи стратегияҳо, равишҳо, барномаҳои амалиётӣ ва фаъолиятҳо барои табдил додани Хоруғ ба шаҳри амн ва устувор мебошад. Агентии Оғохон оид ба макони зист эҷоди пойгоҳи дониш дар заминаи устувориро бар уҳда хоҳад дошт, то тасмимгириҳои исботшударо барои оянда фароҳам кунад. Ин кор аз тариқи роҳандозии арзёбиҳои муҳитзистӣ ва устуворӣ анҷом ва аз тариқи чандин маркази фазоӣ ва пойгоҳҳои додаҳои шаҳр тавзеъ хоҳад шуд. Додаҳои мазкур дар дастраси масъулони шаҳр ва марказҳои хизматрасонӣ қарор хоҳанд дошт. 

Яке аз бахшҳои муҳими ин барнома Нақшаи нави устувории Хоруғ ва Нақшаи сармоягузорӣ мебошад, ки дар ҳамкорӣ бо масъулони миллӣ ва шаҳрӣ, бошандагони Хоруғ ва Барномаи маскани СММ эҷод шудааст. Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дурнамои худро дар мавриди Хоруғ ҳамчун як шаҳри донишгоҳӣ  ва маркази фанноварӣ ва навоварӣ шарик месозад. Кумитаи мушовараи Барномаи устувории Хоруғ таъсис хоҳад шуд, ки раёсати онро Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бар уҳда хоҳад дошт ва ба Кумитаи роҳбарии барномаи устувории Хоруғ тавсияҳои сиёсатгузорӣ ва раҳнамоиҳои фанновариро хоҳад дод. Раёсати Кумитаи роҳбарии ин барнома бар уҳдаи раиси ВМКБ хоҳад буд. Кумитаи раҳбарӣ барои амалӣ шудани ин барнома самтҳои стратегӣ ва шароити ҷалби сармоягузорӣ барои шаҳр ва минтақа ироа хоҳад кард. 

Ин тафоҳумнома барои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бахше аз ҳадафи он – мусоидат ба пешрафти иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ва минтақа – мебошад. Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ба унвони яке аз созмонҳои Ташкилоти Оғохон оид ба Рушд (AKDN) тӯли чандин сол аст, ки дар заминаи табдил додани Хоруғ ба шаҳри донишгоҳӣ кор мекунад ва дар ҳамкорӣ бо Ҳукумат ва созмонҳои AKDN ба монанди Агентии Оғохон оид ба макони зист пешрафти бахши иҷтимоӣ ба монанди омӯзиш, тандурустӣ, меҳмондорӣ, сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва рушди деҳотро пайгирӣ мекунад.
This website uses cookies
Cookies are small text files held on your computer. They allow us to give you the best browsing experience possible and mean we can understand how you use our site.
Some cookies have already been set. You can delete and block cookies but parts of our site won't work without them.
By using our website you accept our use of cookies.
Yes, I agree No, I want to find out more